Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз 26 ҳазор кӯдаки маъюб дар ин кишвар 4 ҳазораш аз никоҳҳои хешу таборӣ таваллуд шудааст, ки 35 дар садро ташкил медиҳад. Нусратулло Салимзода, рӯзи чоршанбеи 8 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки “то аввали моҳи январи соли 2015 шумораи умумии кўдакони маъюбе, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, 26 043 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти пешакӣ аз ин шумора ҳудуди 4 ҳазор кӯдаки маъюб аз никоҳи хешутабории наздик ба дунё омадаанд.”
Эълони ин омор аз сӯи Нусратулло Салимзода дар ҳолест, ки мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати адлия ва дигар ниҳодҳои зидахли кишвар, тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оиларо таҳия кардаанд, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз никоҳи хешу таборӣ унвон мешавад. Аз ин ба баъд ҷавону духтаре, ки бо ҳам писару духтари амак, фарзанди тағо, амма, хола ё бародару хоҳари ширхораанд, ҳамсари якдигар шуда наметавонанд. Ин дар ҳоле хоҳад шуд, ки агар тағйиру иловаҳои Қонуни оилаи Тоҷикистон аз тарафи парлумон пазируфта шаванд.
Пешниҳоди манъи никоҳҳои хешу таборӣ нахуст аз аз сӯи собиқ вакили порлумон Саодат Амиршоева садо дода буд. Аммо он замон мақомот ба ин пешниҳод чандон вокуниш нишон надоданд. Вале баъд аз он ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ба порлумон аз саҳнаҳои дидааш дар мактаб-интернати кӯдакони маъюби Чаҳорбоғ қисса кард ва гуфт, ки аксарияти ин атфол аз никоҳҳои хешу таборӣ ба дунё омдаанд, мақомот масъаларо ҷиддӣ гирифтанд. Пас аз ин паёми раисҷумҳур ва интиқодаш аз никоҳҳои хешутаборӣ мақомот ва телевизиони давлатӣ як маъракаи иттилоотии зидди никоҳи хешутабориро пиёда карданд. Ба дунболи он як комиссияи вижаи ҳукуматӣ таъсис ёфт, ки ӯҳдадор шуд, масъалаи қонунан манъ кардани никоҳи хешутабориро омӯзад.