Мақомоти Боку мегӯянд, вазорати хориҷаи Озарбойҷон овозхони операи рус Любов Казарновскаяро ба далели сафари ахиран ба сарзаминҳои аз сӯи Арманистон ишғолшуда ба “рӯйхати сиёҳ” ворид кардааст. Ҳикмат Ҳоҷиев, сухангӯи ин вазорат гуфт, сафари Казарновская қонуни марзии Озарбойҷонро поймол ва “таҷовузи Арманистон ва тасарруфи хоки Озарбойҷонро таблиғ мекунад.” Боку ҳар навъ боздидҳо аз вилояти аксаран арманинишни Қаробоғи кӯҳиро, ки аз ибтидои солҳои 90 таҳти тасарруфи нирӯҳои арманӣ қарор дорад, бо дард қабул мекунад. Казарновская ин қарорро аҳмақона номид ва бо бурдани номи армании ин вилояти ҷудоинишин гуфт, ки ӯ бо як маъмурияти фарҳангӣ ба Қаробоғи кӯҳӣ сафар карда буд. Казарновская, ки бо гурӯҳе аз донишҷӯёнаш дар ҷашнворае дар Қаробоғ ширкат кард, гуфт, афтодан дар як “рӯйхати сиёҳ” бо Монсеррат Кабалле барояш шараф аст.