$100000 'пора' барои расмӣ кардани чойхона ва…

Раёсати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд як гурӯҳ аз масъулону кормандони идораи андоз ва шӯъбаи амволи ноҳияи Аштро боздошт кардаанд, ки аз як соҳибкори ҳамин ноҳия барои расмӣ кардани як чойхона ва ошхона 100 ҳазор доллар талаб намудаанд. Як манбаъ дар ин раёсат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи онҳо бо ҷурми ришватситонӣ дар ҳаҷми махсусан калон парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад.