Мардуми Юнон дар раъйпурсии таърихии рӯзи 5-уми июл талабҳои қарздиҳандагони байналмилалӣ дар ивази кӯмакҳои молиро рад карданд. Бар асоси шумориши 85 дар сади орои мардум бештар аз 60 дар сад мухолифи барномаи кӯмакҳои молӣ раъй додаанд. Ҳазорон нафар аз тарафдорони ҳукумати Юнон рӯзи 5-уми июл дар майдони Синтагма дар маркази Афина ҷамъ омада ва аз натиҷаҳои раъйдиҳӣ изҳори хушҳолӣ карданд. Вале ин хатар вуҷуд дорад, ки дар сурати ҳосил нашудани тавофуқ миёни қарздиҳандагон ва Юнон, мумкин аст, ин кишвар аз ҳавзаи евро берун шавад. Ҳукумати Юнон ба раҳбарии нахуствазир Алексис Сипрас аз мардум хоста буд, мухолифи барнома раъй диҳанд. Вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи евро дар Иттиҳодияи Аврупо ин ҳафта ҷамъ омада ва натиҷаҳои раъйпурсии Юнонро баррасӣ мекунанд. Иттиҳодияи Аврупо, Бонки Марказии Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул аз Юнон мехоҳанд, дар ивази кӯмакҳои байналмилалӣ аз буҷаи кишвар сарфаҷӯӣ кунад.