Прзиденти Тунис вазъи фавқулодда эълн кард

Боҷӣ Қоид Эссебсӣ

Раиси ҷумҳури Тунис дар кишвараш рӯзи 4 июл вазъи фавқулодда эълон кард. Ин дар ҳолест, ки бештар аз як ҳафта пеш як марди мусаллаҳ ба тафреҳгоҳи маъруфи сайёҳони хориҷӣ ҳамла бурд ва 38 нафарро ба қатл расонд.

Боҷӣ Қоид Эссебсӣ -раиси ҷумҳур дар як суханронии телевизионии худ ба мардуми кишвараш гуфт, ки тасмим дар бораи вазъи фавқулодда баъд аз гуфтугӯ бо раиси порламон ва нахуствазири кишвар гирифта шудааст. Вазъи фавқулодда аз 4 июл то 30 рӯзи дигар давом хоҳад кард.

Эссебсӣ гуфт, ин тасмим барои вазъи “истисноии Тунис баъд аз ҳамлаи террористии ахир гирифта шудааст, зеро таҳдидҳои доимӣ кишварро дар як навъ вазъи махсуси ҷангӣ қарор додааст”.

Аз 38 нафаре, ки дар ҳамлаи террористӣ ба қатл расиданд, 30 нафарашон шаҳрвандони Британия буданд. Шахси ҳамлакунанда дар амалиёти пулис ба қатл расонда шуд. Гурӯҳи тундравҳои ДОИШ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт.