Ҳавопаймои Impulse 2, ки бо нируи офтоб парвоз мекунад, 3 июл дар ҷазираҳои Ҳавайӣ дар фурудгоҳи хурди Калаелола дар наздикии Гонолулу ба замин нишаст.
Андре Бошберг-халабони 62 солаи Шветсария бо ҳавопаймои офтобӣ аз Ҷопон то Ҳавайӣ 8260 километрро аз болои уқёнуси Ором дар 118 соат парвоз кард ва рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт.
Solar Impulse 2 аз Ҷопон 29 июн ба ҳаво бархост ва мушкилтарин масири парвозро тай кард. Парвози баъдии вай аз болои қаламрави Амрико сурат мегирад. Сипас ҳавопаймо аз болои уқёнуси Атлас парвоз мекунад.
Ин ҳавопаймо парвози давродаври сайораро 9 март аз Абудабӣ оғоз намуд. Андре Бошберг ва Бертран Пиккар бо навбат ин ҳавопайморо идора мекарданд.