Малайзия пешниҳоди таъсиси додгоҳро месупорад

Давлати Малайзия ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфтааст, ки барои таъсиси додгоҳи махсус ҷиҳати муҳокимаи омилони эҳтимолии суқути ҳавопаймои мусофирбари он кишвар кӯшишашро идома медиҳад. Таъсиси додгоҳи байналмилалиро панҷ кишваре пешниҳод кардаанд, ки сабабҳои суқути ҳавопаймои Малайзия Эйрлайнзро таҳқиқ доранд. Ин ҳавопаймо бо 298 сарнишин дар минтақаи таҳти назорати ҷудоиталабон дар шарқи Украина сарнагун шуд. Рамлон бин Иброҳим, намояндаи Малайзия дар Созмони Милал гуфт, тарҳи таъсиси додгоҳ ҳафтаи оянда байни 15 узви Шӯрои Амният тақсим мешавад ва мумкин аст, раъйгирӣ дар бораи он ҳамин моҳ сурат бигирад. Русия тарҳи пешниҳодиро бемавқеъ номидааст, вале ба гуфтаи баъзе аз дипломатҳо мойил ба таъсиси додгоҳ аст. Русия ҳамчун узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал метавонад, монеи қабули қарор дар бораи таъсиси додгоҳ шавад. Мутахассисон мегӯянд, ки ҳавопаймои мусофирбарро бо мушаки “Бук” задаанд, ки Русия ба ҷудоиталабон додааст, вале Маскав ин иддаоро рад мекунад.