Маъмурони пулиси Покистон як ҷуфти масеҳиро аз дасти издиҳоми мусулмонони хашмгин халос кардаанд. Як мақоми покистонӣ рӯзи 2-уми июл гуфт, ҳодиса дар рустои Маккии вилояти Панҷоб рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳе аз мусулмонон ҷамъ шуда ва ин ҷуфти масеҳиро ба куфргуӣ муттаҳам карда ва хостаанд, худсарона ҷазо бидиҳанд. Суҳайл Зафар Чатта, сардори пулиси ноҳия гуфт, як ҷуфти камсаводи насронӣ шиору плакатҳои кӯҳнаи коллеҷҳои гуногунро ҷамъ карда ва барои худ бистар сохтаанд. Дар яке аз онҳо навиштаҷоте аз Қуръон будааст ва як муллои деҳа онҳоро ба таҳқири ислом гунаҳкор кардааст. Баъди ин ба гуфтаи Суҳайл Зафар Чатта, “издиҳоме дар шаҳр ҷамъ шуда ва ҷуфти бехабарро рӯи замин кашола карда ва мехостанд, то дами марг латукӯб кунанд.” Суҳайл Зафар Чатта гуфтааст, “маъмурони пулис дар вақташ ба маҳалли ҳодиса расида ва ин ҷуфтро озод карданд ва ба дасти ҷамоаи насрониҳои Лоҳур супурданд.” Муллоеро, ки издиҳомро барангехтааст, дастгир карданд. Дар Покистон дар гузашта, чандин нафарро бо иттиҳоми куфргӯӣ дар байни мардум ва худсарона кушта шудаанд ва пешгирӣ аз ин гуна ҳодиса бисёр нодир аст.