Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, профессори фахрии Маркази аврупоии тадқиқоти байнулмилалӣ ва стратегӣ ё CERIS дар Брюссел шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ин унвон ба оқои Раҳмон “барои таҷрубаи нодири сулҳи тоҷикон” ва қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байнулмилалӣ ва стратегӣ ва муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо тақдим гардидааст. Маркази аврупоии тадқиқоти байнулмилалӣ ва стратегӣ соли 1985 таъсис ёфта, барои хоҳишмандон курсҳои яксолаи магистратураро дар соҳаи “Сиёсати байнулмилалӣ” ва “Сиёсати рушд” пешниҳод менамояд.