12 нафар барои ҳамла ба тафреҳгоҳ боздошт шуданд

Осори ҳамла ба тафреҳгоҳ

Мақомоти Тунис мегӯянд, ки дар ҷараёни расидагӣ ба ҳодисаи куштори 38 нафар дар таҳреҳгоҳи Сус 12 нафар боздошт шудаанд. Бештари кушташудагон сайёҳони бритониёӣ буданд.

Лазҳар Акрамӣ-вазири равобити порламонӣ шоми 1 июл ба хабарнигорон гуфт, ки пулис ҷустуҷӯи ду нафареро идома медиҳад, ки дар як урдугоҳи ҷиҳодиёни Либиё машқ дидаанд ва дар ҳамла ба тафреҳгоҳи Сус ширкат кардаанд.

Тундравҳои “Далати Исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамлаи 26 июнро бар уҳда гирифтаанд. Як донишҷӯи тунисӣ тирандозӣ ба сӯи сайёҳонро оғоз кардааст ва баъдтар бо тири пулис ба қатл расидааст. Ба тафреҳгоҳи Тунис бештар сайёҳони ғарбӣ меоянд.

Моҳи март ду марди мусаллаҳ дар назди осорхонаи Бардои Тунис 21 нафарро тирборон карданд, вале худашон низ кушта шуданд.

Дар миёни кушташудагони тафреҳгоҳи Сус 27 нафар шаҳрвандони Бритониё ва чанд сайёҳи дигар аз кишварҳои дигари аврупоӣ буданд.