Ошкор шудани 7 бемори ВИЧ аз байни муҳоҷирон

Маркази мубориза бо СПИД ва амрози сироятии вилояти Перми Русия мегӯяд, дар моҳи июн 2469 муҳоҷири хориҷиро ташхис карда, дар бадани 7 тани онҳо вируси ВИЧ – ангезандаи бемории қаттоли СПИД-ро ошкор кардаанд. Дар бадани 20 муҳоҷири дигар, бино ба ин манбаъ, бемории ҷинсии сифилис кашф шудааст. Маркази мубориза бо СПИД аз кадом кишвар будани ин 27 маризро нашр накардааст, вале мегӯяд, дар байни ташхисшудагони моҳи июн 1016 нафар аз Тоҷикистон, 636 тан аз Узбакистон ва 175 муҳоҷир аз Украина будаанд.