“Садои Сталинград”-и Мӯъмин Қаноат дар Олтой чоп шуд

Мӯъмин Қаноат

Дар кишвари Олтойи Русия достони “Садои Сталинград”-и шоири тоҷик Мӯъмин Қаноатро дигарбора нашр кардаанд. Ин достони бахшида ба Ҷанги бузурги ватаниро шоири маъруфи зодаи Олтой Роберт Рождественский ба русӣ тарҷума кардааст ва расми муаррифии нашри нави “Садои Сталинград” (“Голоса Сталинграда”) рӯзи 26 июн дар чорчӯби маъракаи нӯҳуми “Рождественские чтения“ доир шуд. Бино ба гузориши сомонаи расмии ҳукумати Олтой, нашри дигарбораи “Садои Сталниград” дар солгарди 70-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ як арҷгузории дигар ба рӯҳи ҳамватани онҳо Роберт Рождественский мебошад. Мӯъмин Қаноат як нусха аз “Садои Сталинград”-ро бо соядаст ба осорхонаи Рождественский ҳадя кардааст.