Як тундрави исломӣ бо ҳамла ба як корхонаи газ дар шарқи Фаронса сари як нафарро бурида ва як тани дигарро маҷруҳ кардааст. Ҳамла рӯзи 26-уми июн дар шаҳри Сайнт Квентин Фаллавиер дар наздикии шаҳри Леон ба вуқӯъ пайвастааст. Фарди ҳамлавар чанд бомби худсохти хурдро ҳам таркондааст. Дар сари бурида навиштаҳои арабӣ дошта ва ду парчам бо навиштаҳои арабӣ дар маҳалли ҳодиса пайдо кардаанд. Корхонае, ки ба он ҳамла шудааст, ба як ширкати амрикоӣ тааллуқ дорад. Мақомоти Фаронса ин ҳамларо ҳамлаи террористӣ хонданд.