Вакилон аз фраксияи ҳизби ҳокими “Единая Россия” тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни федеролӣ “Дар бораи ветеранҳо”-ро барои муҳокима ба Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия пешниҳод кардаанд. Ин иловаҳо дарёфти мақоми ветерани ҷангро барои тақрибан 23 500 иштирокчии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон осонтар мекунад. Ин афрод аксаран дар сафи воҳидҳои пойгоҳи 201 ва нирӯҳои марзбонии Русия, ки дар марз бо Афғонистон қарор доштанд, хидмат кардаанд, вале ба гуфтаи Александр Хинштейн, вакили Думаи давлатӣ аз “Единая Россия”, то имрӯз ба далели вуҷуди духӯрагиҳо дар қонуни қаблӣ танҳо ҳудуди 1,5 ҳазор аз шаҳрвандони русия иштирокчии ҷангҳои Тоҷикистон тавонистаанд соҳиби мақоми расмии ветерани ҷанг ва имтиёзҳои ин мақом шаванд. Азбаски “Единая Россия” аксарияти курсиҳои Думаи давлатиро таҳти назорат дорад, бовар меравад, ки тағйирот ба қонуни ветеранҳо бидуни мушкил тасвиб шавад. Аммо баҳси додани мақоми расмии ветерани ҷанг ба иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар Русия дар ҳоле идома дорад, ки дар худи Тоҷикистон тназарҳо ба нақши нирӯҳои Русия дар ҷанги солҳои 1992-1997 зиддунақиз аст. Бархе артиши Русияро ба дахолат дар ҷанги Тоҷикистон ва ҳатто таъмини тарафҳои муқобил бо силоҳ айбдор мекунанд. Ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, то 150 000 кушта ба ҷо гузошта, боиси бехонаюдар шудани то 1 миллион нафар шуда буд. Хисороти молии 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 10 миллиард доллар рақам зада мешавад.