Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, бори дигар эълом дошт, ки ба муддати тулонӣ маҳдудсозии таҳқиқоти ҳастаии Эронро қабул надорад ва ба нозирони байнулмилалӣ иҷозаи вуруд ба муассисаҳои низомии кишварро нахоҳад дод.
Изҳороти оятулло Хоманаӣ дар ҳоле нашр шуд, ки то мӯҳлати ниҳоии имзои созиш оид ба барномаи ҳастаии Эрон ҳамагӣ як ҳафта вақт боқӣ мондааст. Раҳбари Эрон ба муддати даҳ сол мутаваққиф шудани таҳқиқоти барномаи ҳастаии кишварро “зӯроварии берун аз ҳад” номид ва гуфт, ки тайи ин даҳ сол пажуҳишҳои илмӣ бояд идома кунанд.
Аз ин пеш Маҷлиси Эрон тарҳи қонунеро қабул кард, ки агар он тасвиб шавад, дастрасӣ ба муассисаҳои низомӣ, санадҳои низомӣ ва донишмандони бахши ҳастаӣ мамнӯъ хоҳад шуд. Оятулло Ҳоманеӣ моҳи гузашта ҳам дар сӯҳбате дар Донишгоҳи низомии ба номи Имом Ҳусейни Теҳрон, имкони тафтиши муасссисаҳои низомии кишвар аз сӯи нозирони таслиҳотӣ ва пурсуҷӯи донишмандони бахши ҳастаиро рад карда буд.
Ёдовар мешавем, Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 2 апрели соли равон дар шаҳри Лозаннаи Швейсария дар мавриди "андозаҳои калидӣ-ии созишномаи фарогири ҳастаӣ ба тавофуқ расиданд. .Бар пояи ин тавофуқ, Эрон миқёси барномаи ҳастаии худро дар ивази лағви ботадриҷи таҳримҳои байнулмилалӣ коҳиш медиҳад. Айни ҳол Эрон ва гурӯҳи "панҷ ба изофаи як" дар шаҳри Вена ҷузъиёти созишномаро баҳс доранд ва он бояд то охири моҳ имзо шавад.