Ҳукми Ҷавҳар Тсарнаев эълон мешавад

Додгоҳи федеролии Амрико бояд рӯзи 24 июн ҳукми эъдоми Ҷавҳар Тсарнаев, бомбгузории марафони Бостонро эълом кунад. Ҳайати мунсифа рӯзи 15 май Тсарнаевро содир карда буд, аммо ҳукм фақат бар пояи қавонини федеролӣ эълон мешавад.

Ҷавҳар Тсарнаев, шаҳрванди чеченитабори Амрико, ки дар Қирғизистон ба дунё омада, дар солҳои 90 ибтидо ба Доғистон ва сипас ҳамроҳ бо волидонаш ба Амрико муҳоҷират кардааст,ба қатли 3 нафар ва захмӣ кардани беш аз 260 нафари дигар дар дави марафонии шаҳри Бостон дар моҳи апрели соли 2013 айбдор мешавад.

Ба гуфтаи тафтишот, маҳз Ҷавҳар Тсарнаев ва бародари калонии ӯ Темурлан Тсарнаев бастаҳои маводи мунфаҷираро дар наздикии хатти марраи ин дави марафонӣ ҷобаҷо карда, дар байни издиҳоми зиёди тамошобинон тарконданд.

Ҳарду бомбгузор тавонистанд баъди таркиш фирор кунанд, вале мақомоти Амрико алакай баъди чанд соат тавассути видеокамераҳои назоратӣ тавонистанд симои ҳардуро мушаххас кунанд. Темурлан Тсарнаев баъди 4 рӯзи таъқиб дар ҷараёни амалиёти боздошт кушта шуд. Ҷавҳар Тсарнаевро, ки дар он амалиёт ҷароҳатҳои сангин бардошта буд, рӯзи 20 апрел аз дохили қаиқе дар яке аз манзилҳои воқеъ дар канори Бостон пайдо ва дастгир карданд.

Бомбгузории Бостон пурқурбонитарин ҳамла дар қаламрави Амрико баъд аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба шумор меравад.