Эътирози RFE/RL аз латукӯби хабарнигоронаш дар Ереван

Раҳбарияти Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ (RFE/RL) мегӯяд, рӯзи 23 июн чанд хабарнигори он якҷо бо журналистони расонаҳои дигар ҳангоми ҳамлаи пулиси Арманистон ба тазоҳуркунандагон дар Ереван амдан латукӯб шуда, таҷҳизоти кории онҳо тахриб ва забтҳояшон мусодира гаштаанд. Сардабири RFE/RL, Ненад Пеич аз бадрафтории пулис бо журналистони ин расона ҳангоми иттилоърасонӣ аз тазоҳурот эътироз кард."Ҳамкорони мо вазифаи худро анҷом медоданд ва барои ҷомеаи Арманистотн хабар нашр мекарданд. Мо чунин мудохиларо маҳкум мекунем," -- гуфт ӯ. "Ин як ҳамлаи бераҳмона ва ғайри қобили қабул ва берун аз ҳама гуна меъёрҳои қобили қабули рафтори пулис аст", изофа намуд мудири Бахши армании Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Ҳраир Тамрозиён. "Пулис аз кори хабарнигорони мо пешгирӣ кард ва онҳо натавонистанд, вазифаи худро анҷом диҳанд." Бархӯрди хашини пулис бо хабарнигорон дар ҳоле рӯй дод, ки ҳазорон нафар аз сокинони Арманистон зидди афзоиши нархи барқ дар маркази Ереван даст ба тазхоҳурот заданд. Қарор аст, сар аз 1 августи соли равон нархи нерӯи барқ дар Арманистон 16 дарсад боло бурда шавад. Сухангӯи пулиси ин кишвар Ашот Аҳарониён ба "Интерфакс" гуфт, 237 нафар боздошт шуда, 7 тазоҳуркунанда ва 11 афсари пулис захмӣ гаштаанд.