Сафари Картер ба Аврупо шурӯъ шуд

Вазири дифои ИМА Эштон Картер рӯзи 22 июн сафараш ба Аврупоро оғоз кард. Дар меҳвари ин сафар, ба иттилои Пентагон, масоили таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои узви НАТО дар пасманзари афзоиши нигарониҳо аз аъмоли Русия дар баробари Украина хоҳад буд.

Эштон Картер рӯзи душанбе вориди Берлин шуд ва аз маҷмааи ёдгории Ҳолокост дидан кард. Ӯ дар ин шаҳр бо вазирони дифои Олмон, Ҳолланд ва Норвегия музокирот анҷом медиҳад. Қарор аст, ки ӯ рӯзи сешанбе вориди Таллин шавад ва ҳамтоҳояш аз Эстония, Латвия ва Литва дидору гуфтугӯ кунад. Ин се кишвари соҳили Балтик ахиран ба хотири дифоъ аз таҷовузи эҳтимолии Русия хостори ҳузури доимии нерӯҳои НАТО дар қаламравашон шуданд.

Раҳбари Пентагон дар ҷараёни сафараш дар Брюссел барои нахустин бор дар мулоқоти вазирони дифои кишварҳои узви Паймони НАТО ширкат мекунад. Эштон Картер моҳи феврали соли равон раёсати вазорати дифоъро бар ӯҳда гирифт.

Сафари Картер ба Аврупо рӯзи 26 июн бо боздид аз пойгоҳи низомӣ дар Бавария поён меёбад.

Маскав ҳама гуна иттиҳоми Ғарб ва Киев дар бораи пуштибонияш аз ҷудоихоҳони шарқи Украина ва ҳузури низомиёнаш дар хоки кишвари ҳамсояро рад мекунад.