Ҷон Маккейн, сенатори амрикоӣ дигарбора аз ҳукумати кишвараш хост, ба нерӯҳои Украина, ки бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи он кишвар меҷанганд, аслиҳа бифристад. Ҷон Маккейн дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Киев ба хабарнигорон гуфт, «дар ҳоле, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар пайи пора-пора кардани Украина аст, беамалии кишварҳои ғарбӣ, «нангин ва ҳиҷолатовар» мебуд. Ҷон Маккейн, ки яке аз тарафдорони сахти фиристодани силоҳ ба Украина аст, ҳамчунин гуфт, украиниҳо «собит карданд, ки майли ҷангидан доранд.» Ҷон Баррасо, яке аз вакилони дигари амрикоӣ, ки ҳамроҳ бо Ҷон Маккейн сӯҳбат мекард, гуфт, раҳбарони ғарбӣ ба Владимир Путин чанд «роҳрав» барои коҳиши муноқиша дар шарқи Украинаро пешниҳод карданд, вале ӯ ин имконотро ба эътибор нагирифт. Ҳоло ба гуфтаи Ҷон Баррасо, фурсати «сохтани саддҳо ва аз ҷумла таъмини артиши Украина бо аслиҳа» фаро расидааст. Украина ба такрор аз ҷомеаи байналмилалӣ хостааст, ки барои мустаҳкам кардани тавоноии дифоиаш кумак кунанд, вале кишварҳои ғарбӣ аз фиристодани силоҳ ба Украина худдорӣ карда ва ба он таҷҳизоти ғайринизомӣ додаанд.