Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз ҳамкориҳои нави иқтисодии кишвараш бо Юнон ситоиш кард ва гуфт, созишномаи лӯлаи газ, ки рӯзи 19-уми июн имзо шуд, ба Юнон кумак мекунад, қарзҳояшро бипардозад. Владимир Путин аз майли Русия барои кӯмак ба Юнон сӯҳбат кард ва дар замоне, ки Иттиҳодияи Аврупо аз ин кишвари узваш талаб дорад, барои беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ ва баргардонидани қарзҳояш хароҷоти давлатиро кам кунад. Владимир Путин дар сӯҳбат бо мудирони хабаргузориҳои бузурги байналмилалӣ дар шаҳри Санкт Петебург гуфт, “Агар Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад, Юнон қарзҳояҳро баргардонад, пас бояд алоқаманди рушди иқтисоди он бошад ва дар пардохти қарзҳояш кӯмак кунад." Пештар аз ин Владимир Путин баъди мулоқоташ бо Алексис Сипрас, нахуствазири Юнон гуфт, “Иттиҳодияи Аврупо бояд ба Русия таҳсин бигӯяд. Магар офаридани ҷойи кор дар Юнон кори нодуруст аст?” Поёни иқтибос. Дар мулоқот ду ҷониб дар бораи созишномаҳои гуногуни иқтисодӣ сӯҳбат карданд, вале дар масъалаи кӯмаки молӣ ба Юнони мӯҳтоҷи кӯмаки молӣ забон накушоданд.