Сироҷидин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз мақомҳои амрикоӣ хостааст, номи кишварро аз "рӯйхати сиёҳ"-и маъруф ба номи "Ҷексон - Вэник" лағв намояд. Оқои Аслов ин мавзӯъро дар ҷараёни сафараш ба Иёлоти Муттаҳида бо Дана Роҳрабахер, раиси зеркумита оид ба масъалаҳои Аврупо ва АвруОсиёи Кумитаи байнулмилалии Палатаи намояндагони Конгресси Амрико баррасӣ кардааст. Дафтари матуботи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин дидор 17 июн сурат гирифта, "дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла лағви иловаи Ҷексон-Веник нисбат ба Тоҷикистон ва, инчунин, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байнулмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд."
Ин илова ба қонун, ки бо номи пешниҳодкунандаи онҳо Ҷексон ва Вэник гузошта шудааст, аз замони Шӯравӣ боқӣ монда, тиҷорати Амрикоро бо кишварҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи башар поймол мешавад, маҳдуд мекунад. Ба ин феҳрист бештар кишварҳои Шӯравии собиқ шомиланд, аммо аз соли 2000 то 2012 номи Қирғизистон, Русия, Украина, Молдова, Арманистон ва Гурҷистон аз ин рӯйхат лағв шудаанд. Вале то ба ҳол номи Тоҷикистон дар ин феҳрист боқист ва аввалҳои моҳи апрели соли ҷорӣ низ ин мавзӯъро Фарҳод Салим, сафири нави Тоҷикистон дар Амрико дар миён гузошта буд.