Бино ба хабари дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон як нафар сокини шаҳри Турсунзода ба гумони ду куштор ва қасди куштор боздошт шудааст.
Дар ин хабар омадааст, ки Ҷамшед Раҳимови 25 сола барои куштори зани 25 солаи худ Фазилат Раззоқова ва модари 48 солаи вай ва ҳамчунин суиқасд ба ҷони хоҳари 28 солаи занаш муттаҳам дониста мешавад”.
Бино ба гуфтаи тафтишот, куштор замоне рух додааст, ки Фазилат бо шавҳараш моҷаро кардааст ва ду кӯдакашонро гирифта ба хонаи модараш бурдааст. Тафтишот мегӯяд, шоми 14 июн Ҷамшед омадааст, то фарзандонашро бубинад, вале занаш дарро бар рӯи вай боз накардааст.
Ҷамшед ба ғазаб омадааст ва дарро шикаста ба занаш, ки дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ будааст, чанд зарбаи марговар задааст. Модар ва хоҳари занаш ба кӯмаки Фазилат шитофтаанд. Вале Ҷамшед ба онҳо бо корд ҳамла кардааст. Модари занаш низ даргузаштааст. Хоҳари вай дар бемористон муолиҷа мегирад.
Қотил бо омадани пулис хостааст худкушӣ кунад, вале каме худро харошидааст. Ҳоло вай дар боздошт аст.