Ҳарчанд Русия мегӯяд, вазъи боздоштгоҳҳо барои муҳоҷирон дар ин кишвар рӯ ба беҳбуд овардаанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳанӯз аз шароити тоқатфарсо дар чунин марказҳои нигаҳдории муваққатӣ шикоят мекунанд. Илова ба ин, сари чанд вақт хабари талоши худкушии баъзе аз муҳоҷирони боздоштшуда вазъиятро тиратар намоиш медиҳад.
Ҳафтаи гузашта дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳраки Вороновск, ки бо номи “Сахарово” маъруф аст, як шаҳрванди 40-сола раги дасти худро бурид ва қасди худкушӣ кард. Масъулони ин маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ аввал ин фардро тоҷик муаррифӣ карда ва баъдан гуфтанд, ки ӯ аз Узбакистон будааст.
Аммо вақте ҳуқуқи инсон матраҳ мешавад, шояд шаҳрвандии муҳоҷирон ва кишвари онҳо муҳим набошад, чун дар ин боздоштгоҳ шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна зиёданд ва чунин кор метавонист бо шаҳрванди Тоҷикистон, Қирғизистон ё кишвари дигаре ҳам рух диҳад. Ба ин сабаб, суол пеш меояд, чаро ин муҳоҷир талоши худкушӣ кард ва маргро бар зиндагӣ бартар донист?
Александр Верховский, раиси маркази “СОВА” дар Маскав, мегӯяд, бархе аз боздоштшудагон шояд ҷиноят накардаанд ва ба муддати тӯлонӣ нигоҳдорӣ шуданашон дар боздоштгоҳ боис ба ноумедӣ мегардад ва онҳо мехоҳанд аз ин тариқ ҷонашонро аз азобу шиканҷа бираҳонанд. “Баъзеҳо ҳеч ҷиноят накардаанд, вале онҳоро дар шароите мисли зиндон моҳҳои дароз нигоҳ медоранд,” - афзуд ӯ.
Солҳои охир дар Русия боздоштгоҳҳоро ба меърҳои байнулмилалӣ мутобиқ мекунанд, зеро гоҳ-гоҳ аз он ҷойҳо намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар боздид менамоянд. Онҳо дар гузашта борҳо шароити тоқатфарсои боздоштгоҳҳои муваққатии Русияро ба боди интиқод гирифтаанд. Бо назардошти ин, дар давоми ду соли охир беҳбуди шароит дар чунин ҷойҳо мушоҳида мешавад.
Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав чунин беҳбудиро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ки кормандони намояндагии онҳо ва худаш бо ин боздоштгоҳи муваққатии Сахарово ошноӣ доранд ва шароити зисту нигаҳдорӣ нисбат ба солҳои пеш дар он ҷо беҳтар шудааст. Ӯ афзуд, “айни замон дар маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар Сахарово 32 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд. Аз онҳо се нафарашон зан ва 29 нафари дигар мард мебошанд. Ҳамаи онҳо бо ҷурми риоят накардани қоидаҳои маъмурӣ бо ҳукми додгоҳ аз Русия бо навбат ихроҷ мешаванд. Тибқи маълумоти раҳбари ин марказ рӯзҳои наздик 15 нафари онҳо ба ватан истирдод мешаванд, ки як нафари онҳо зан аст”.
Дар мавриди талоши худкушӣ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ Аҳмадӣ мегӯяд, гоҳо унсурҳои ҷиноятпеша ҳам боздошт мешаванд ва онҳо бо чунин рафтор эътирози худро нишон медиҳанд. Вале вай бовар надорад, касеро як сол дар чунин марказҳои муваққатӣ нигоҳ доранд.
Умед Бобоматов, хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ дар Маскав бештар масъалаҳои муҳоҷиратро таҳқиқ мекунад. Ӯ низ борҳо аз ин боздоштгоҳ боздид ва ҳатто дар маросими ифтитоҳи ин боздоштгоҳ аз он ҷо гузориш таҳия кардааст. Вай мегӯяд, дар назар ин боздоштгоҳ ба шароити нигаҳдории муваққатӣ муносиб аст, вале муносибати сард бо муҳоҷирон ва таҳдиду таҳқири онҳо аз тарафи кормандон тоқатфарсо мебошад ва муҳоҷирон борҳо дар ин бора шикоят кардаанд.
“Ҳамаи мушкили боздоштгоҳи Сахарово ба кормандони он марбут аст. Худам шоҳид ҳастам, чун ба ман акси бачаҳоеро оварда буданд, ки осори латту кӯб ва азият дар баданашон дида мешавад. Онҳоро низомиёни ОМОН латту кӯб карда буданд. Муносибати кормандони ин боздоштгоҳ то ҳадде бераҳмона аст, ки одамонро ба худкушӣ тела медиҳад. Раҳбарони ин боздоштгоҳро чанд бор иваз карданд. Вале ҳеч тағйирот ё беҳбудӣ дар муносибат бо боздоштшудагони муваққатӣ дида намешавад. Барои он ки низом ё система ҳамон аст. Раҳбари дигар ё кормандони дигар меоянд, муносибати онҳо ҳам бо муҳоҷирони боздоштшуда чун ба одамони навъи дувуму севум давом мекунад,” – нақл кард ӯ.
Шароити боздоштгоҳи муваққатӣ ё он гуна, ки дар қонунҳои худи Русия формулбандӣ кардаанд, Маркази нигаҳдории муваққатӣ аз шароити зиндон фарқ мекунад. Онҳо ҷинояткор нестанд, фақат қонунро риоя накардаанд. Дар ин ҷо боздоштшудагон ҳақ доранд, телефонҳои ҳамроҳи худро бигиранд, аммо телефонро ба онҳо иҷоза намедиҳанд.
Боздоштгоҳи Сахароворо худи мақомоти муҳоҷиратии Русия ба қавле боздоштгоҳи “намунавӣ” медонанд. Дар боздоштгоҳҳои манотиқи дигари Русия муносибат ба боздоштшудагони муваққатӣ бадтару сахттар аз ин аст. Муҳоҷирон омодаанд бо пули худ ба ватанашон баргарданд, вале ба онҳо иҷоза намедиҳанд.
Умед Бобоматов мегӯяд, мушкили аслӣ таҳияи асноди онҳост ва он хеле тӯл мекашад: “Мушкили аслӣ ба ҳуҷҷутгузорӣ вобаста аст. Ононеро, ки ба боздоштгоҳ меоранд, дар кӯчаҳо боздошт мекунанд. Масалан, пулис меояд муҳоҷирро боздошт мекунад. Вай бо либоси хонагӣ барои нонхарӣ баромадааст. Ҳуҷҷатро бо худ нагирифтааст. Иҷоза намедиҳанд, ки ба хона дарояд ва ҳуҷҷаташро бароварда нишон диҳад. Вайро ба шӯъбаи пулис мебаранд ва бо ҳамин либоси хонагӣ ҳукмашро содир мекунанд ва ба боздоштгоҳ мефиристанд. Иҷоза намедиҳанд, ки ҳуҷҷаташро биёрад, чунки ҳукмро содир кардаанд, ҳукми ғайриқонуниро ва барои ин ҳукми ғайриқонунӣ касе бояд ҷавобгариро ба ӯҳда бигирад”.
Дар манотиқи гуногуни Русия боздоштгоҳҳои муваққатӣ вуҷуд дорад. Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав тасдиқ мекунад, ки дар ин боздоштгоҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Вале аз додани маълумот дар бораи шумораи дақиқи онҳо худдорӣ мекунад, зеро шумораи онҳо ҳамеша тағйир меёбад. Баъзеҳоро истирдод мекунанд ё ба ҷои онҳо “меҳмонҳо”-и нав меоранд.