Боздошти як шаҳрванди тоҷик дар Русия бо гумони таҷовуз

Як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки ба таҷовуз ба номуси як духтари маҳлалии 14-сола дар шаҳри Минусински кишвари Красноярск, дар минтақаи Сибири Русия гумонбар дониста мешавад, дар марзи кишвари Олтойи Русия бо Қазоқистон дастгир шудааст. Расонаҳои русӣ менависанд, ки ӯ қасд дошт ба Ватанаш – Тоҷикистон фирор кунад.

Кумитаи тафтишоти Красноярск мегӯяд, ин муҳоҷири тоҷик баъди чанд рӯзи шиносоӣ як духтари 14-соларо бо такси ба ҷангал бурда, ба номусаш таҷовуз кардааст ва сипас духтарро бо ин таҳдид ки агар лаб кушояд, ӯро мекушад, дар ҷангал партофта, фирор кардааст. Аммо духтар баъди чанд рӯз ба пулис шикоят кардааст. Шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар таҷовуз ба номуси ин духтари ноболиғ гумон мешавад, дар поёни ҳафта ҳангоми убури марз дастгир кардаанд.