Гурҷистон имрӯз мотами миллӣ дорад

Гурҷистон рӯзи 15-уми июн барои гиромидошти ёди 12 қурбонии обхезии вайронгар дар шаҳри Тифлис мотами миллӣ дорад. Дар натиҷаи боронгариҳои зиёди шоми 13-уми июн оби рӯдхонаи Вере аз соҳилҳояш берун омад ва даҳҳо хонаву мошинро зери об ва хатҳои барқро вайрон кард. Бисту чаҳор нафари дигар дар натиҷаи офати табиӣ бенишон шудаанд. Обхезӣ боғи ҳайвоноти Тифлисро ҳам вайрон кард ва бабру палангу гург ва дигар ҳайвонот аз панҷараҳояшон фирор карданд. Баъзе аз ин ҷонваронро дастгир карданд, вале маълум нест, чанд ҷонвари дигар гум шудаанд. Мақомоти Тифлис аз мардум хостаанд, то замони боздошти ҷонварон аз хонаҳояшон берун наоянд. Гиорги Маргвелашвили, раиси ҷумҳури Гурҷистон, ваъда дод, ки барқарорсозии манотиқи вайроншударо ба зудӣ оғоз мекунад. Бар асоси арзёбиҳои пешакӣ, хисороти ворида 18 миллион долларро ташкил медиҳад.