Мақомоти курдӣ ва гурӯҳи нозирон 14 июн гуфтанд, ки нируҳои курдҳои Сурия дар наздикии марзи Туркия ба як шаҳраки стратегӣ наздик шудаанд. Ин шаҳрак дар дасти тундравҳои Давлати Исломӣ аст.
Ба гуфтаи ин мақоми курдӣ, аз гурӯҳҳои курдӣ дар ин ҷангҳо эътилофи шӯришиён дар замин ва нируҳои ҳавоии эътилофи зери фармондеҳии Амрико аз ҳаво ҳимоят мекунанд, то шаҳраки Тал Обёдро дар ихтиёри худ бигиранд.
Тал Обёд барои тундравҳои “Давлати Исломӣ” дарвозаи хубе барои овардани гурӯҳҳои нави тундрав аз қаламрави Туркияи ҳамсоя мебошад. Бино ба гуфтаи Идрис Носан-мақоми курдӣ, нируҳои онҳо шаҳраки Сулукро дар наздикии ин минтақа ба контрорли худ даровардаанд. Курдҳо ҳамчунин дар минтақа 20 рустои дигарро гирифтаанд.