Боздошти подполковники тоҷик барои "бачабозӣ"

Мақомоти Русия аз боздошти подполковники 32-солаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хабар доданд, ки ба "педофилия" ё "бачабозӣ" муттаҳам мешавад. Онҳо мегӯянд, боздошти ин афсари калони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Санкт-Петербург шоми 11 июн, ҳангоми дидораш бо як ноболиғ дар истгоҳи роҳи оҳани "Маскав", сурат гирифтааст. Аз ин подполковники тоҷик ном бурда намешавад, вале "Питер ТВ" навиштааст, ӯ барои такмили ихтисос ба Русия рафта, бо писари ноболиғ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ошно шудааст. Торнамои "Фонтанка.ру" ҳам мегӯяд, "ин мард дар сӯҳбати маҷозӣ бо писари ноболиғ саволу ҷавоби шаҳвонӣ карда, баъдан вохӯриро дар миён мегузорад."