Додгоҳи шаҳри Лилли Фаронса рӯзи 12 июн Доминик Стросс-Кан, раиси пешини IMF ё Сандуқи байнулмилалии пулро аз рӯи парвандаи ташкили маҳфилҳо дар меҳмонсарои Carlton бо ширкати фоҳишаҳо бегуноҳ эълон кард. Стросс-Как ҳамроҳ бо 12 нафари дигар дар мусоидат ба фаҳш айбдор мешуд.
Дар мурофиаи додгоҳӣ Доминик Стросс-Кан иқрор кард, ки дар маҳфилҳо ширкат дошт ва аммо фоҳиша будани духтарони даъватшударо намедонист.
Ба навиштаи расонаҳо, агар гуноҳи Доминик Стросс-Кан собит мшуд, ӯ ба 1,5 миллион доллар ҷарима ва 10 соли маҳбас таҳдид мекард.
Доминик Стросс-Кани чаҳор сол пеш дар пайи боздошт шуданаш бо иттиҳоми қасди таҷовуз ба номуси хидматкори як меҳмонсаройи Ню-Йорк аз мақоми раиси IMF истеъфо дод. Нафисса Диалло зидди Стросс-Канн ба додгоҳи шаҳрвандӣ шикоят бурда тақозои пардохти ҷубронпулии таҷовуз ба номусро карда буд. Стросс-Канн ин иттиҳом ва баъдан иддаои нависандаи фаронсавӣ Тристан Банонро, ки гуфтааст, дар соли 2003 метавонист аз ҷониби Стросс-Канн таҷовуз шавад, рад кард.
Соли 2011 раҳбари собиқи Сандуқи байналмилалии пул яке аз довталабони аслии курсии президенти Фаронса маҳсуб мешуд