Як муҳоҷири тоҷик дар сохтмоне дар ноҳияи Калинин шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз қабати 15-ум афтида, зинда мондааст. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин муҳоҷири 39-сола тавозунро гум карда, аз қабати 15-уми сохтмони ҷадиде дар хиёбонои Кондратев сарозер шудааст, вале ба бахташ, баъди ҳамагӣ чанд метр «парвоз» дар қабати 14-уми бино дармондааст. Дар натиҷа танҳо пои ин шаҳрванди Тоҷикистон шикастааст.