Вазорати ҳифзи сиҳати Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 12 июн хабар дод, ки теъдоди қурбониёни вируси MERS дар кишвар ба 11 нафар расид. Шаби ҷумъа як зани 72-сола аз ин беморӣ, ки ба Кореяи Ҷанубӣ аз Арабистони Саъудӣ оварда шудааст, аз олам даргузашт.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои вазорат, шумораи мубталоён ба ин беморӣ рӯз то рӯз коҳиш меёбад.
Кафили нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ Чхве Генхван дипломатҳо ва тоҷиронро мутмаин кард, ки Сеул тавони ҷилавгирӣ аз хурӯҷи бемориро дорад.
Вируси MERS дар марҳалаи ибтидоӣ ягон нишонаи махсус надорад. Айни ҳол ягон доруву даво ва ваксина барои ин маризӣ мавҷуд нест.
Бори аввал вируси MERS соли 2012 дар Арабистони Саъудӣ ошкор шуд.