Эбботт: ДИИШ таҳдиди бузург ба минтақа аст

Тони Эбботт, нахуствазири Австралия, аз кишварҳои минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором хост, ки бо «гурӯҳҳои ҷиҳодӣ» мубориза баранд, зеро ин гурӯҳҳо «таҳдиди бузург барои амнияти минтақаанд».

Дар як конфаронси минтақаӣ оид ба муқовимат ба тарғиботи террористӣ дар шаҳри Сидней рӯзи 11 июн, ӯ гуфт, ки бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» (ДИИШ) наметавон музокира кард, бо ин гурӯҳ фақат метавон мубориза бурд. Дар ин конфаронс вазирони 25 кишвар ва раҳбарони Google, Facebook, Твиттер ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ширкат доранд.

Беш аз 100 шаҳрванди Австралия аз тарафи «Давлати исломӣ» дар Ироқ ва Сурия меҷанганд. Мақомоти кишвар мегӯянд, онҳо тарҳеро таҳия кардаанд, ки бар пояи он афроди дорои душаҳрвандӣ, дар сурати пуштибонӣ аз гурӯҳҳои ифротгаро, аз шиносномаи Австралия маҳрум карда мешаванд.