Низомиёни Покистон мегӯянд, ки дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ дар як даргирӣ 19 тундрав ва 7 сарбоз кушта шудаанд. Ин даргирӣ шабона дар наздикии марз о Афғонистон рух додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, як тундрав камарбанди маргталабонаи худро такондааст ва 7 сарбоз ба қатл расидаанд. Сипас даргирӣ шуруъ шудааст ва дар он 19 тундрав кушта шудаанд.
азиристони Шимолӣ аз оғози солҳои 2000 паноҳгоҳе барои Ал-Қоида ва тундравҳои Толибон ба шумор меравад. Низомиёни Покистон солҳои охир дар ин минтақа бар зидди тундравҳо мубориза мекунанд.