Баъзе аз масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва раҳбарони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар маросими занги камолот аз хатмкунандаҳо хостанд, ки ба иғвои ба ном исломгароҳо дод нашуда, худро қурбони "Давлати исломӣ" накунанд.
Саидамир Сияҳмарзода -- раиси ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи шашуми июн, ҳангоми суханронӣ дар мактаби миёнаи рақами 71-и пойтахт, гуфт, "Шумо ҳоло ҷавонед ва дар дил кина надоред. Аммо нодидабиноне вуҷуд доранд, ки Шуморо ба дигар роҳҳо даъват мекунанд ва хоҳиши ман низ он аст, ки зиракиро аз даст надиҳед. Тавре мо мебинем, ин афрод аз гумроҳиву бесаводии теъдоде аз ҷавонони мо истифода бурда онҳоро ба барои пайвастан ба ин ё он гурӯҳи ифротгаро даъват мекунанд. Ин ҷавонон ҳам ба чунин дасисаҳо дода шуда, дар ҷангҳои дар нохунак исломӣ иштирок карда, талаф меёбанд."
Ҷаноби Сияҳмарзода дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, аз ноҳияи Шоҳмансур низ теъдоде аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд ва “таҳлилҳо нишон доданд, ки онҳо дар хонаводаҳо аз тарбия дур монда таълимдида нестанд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулони Вазорати маориф ва раҳбарони макотиб низ хатмкунандҳоро барои расидан ба қадри ватан даъват карда ва аз онҳо ҳамчун аз афроде ном бурданд ки бояд оянда “бори зиндагиву миллат”-ро бикашанд.
Имсол беш аз 11 ҳазор хатмкунандаи мактабҳои миёнаи Тоҷикистон занги камолот ё занги охирро дар синфхона ва маҷлисгоҳи мактаб таҷлил карданд. Ин маърака, ки дар гузашта бо лентаҳои сурх, гулдастаҳо, дастгоҳҳои зиёди наворбардориву аккосӣ ва оҳангҳои пуршӯрӣ ҷавонӣ тавъам буд, имсол дар бештари мактабҳои пойтахт “хомӯш” ва дар дохили маҷлисгоҳҳо сурат гирифт. Ба ғайр аз хатмкунандаҳо талабаҳои синфҳои дигар машғули дарсхонӣ буданд ва наздикони хатмкунандагон берун аз дари мактаб монданд.
Ҳанӯз ду ҳафта қабл вазири маориф ва илм дар ҷаласаи вижае бо раҳбарони мактабҳо ва шӯъбаҳои маориф бори дигар таъкид карда буд, аз баргузории бошукӯҳи занги охир ҷилавгирӣ шавад. Бар асоси дастури вазир, имсол, инчунин, ба волидон таъкиди ҷиддӣ шудааст, ки аз чаҳорчӯби қонуни танзими расму оин берун набароянд ва ба фарзандони худ пул надиҳанд. Баҳриддин Исмонов, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин тасмимро ба манфиати волидайн ва толибилмон арзёбӣ карда афзуд, "албатта, ҳама кор як тартибу низом дорад, ки бояд риоя шавад ва барои ояндаи худи ин кӯдакон ин муҳим аст. Ин иқдом аз тарафи худи волидайну омӯзгорон хуб истиқбол шуд."
Таҷлили бошукӯҳ аз “Занги охир” дар мактабҳои Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ ва риояи талаботи қонуни танзими ҷашну маросим ҳанӯз соли 2007 бо фармони Вазири вақти маориф Абдуҷаббор Раҳмонзода манъ шуда буд. Аммо то соли равон мактабҳо имкон доштанд, бо хатмкунандаҳои худ дар як ҷамъомади калон дар саҳни мактаб бо ширкати ҳама хонандаҳо, худоҳофизӣ кунанд. Дар ин маросими 45-дақиқаӣ шеъру сурудхонӣ ҳам мешуд ва бо вуҷуди таъкидҳои вазири маориф бархе аз хонандаҳо баъд аз хатми мактаб ва супурдани имтиҳонот шабнишиниҳои пинҳонӣ меоростанд.
Тавре ба назар расид, бо вуҷуди дастури вазири маориф дар бораи он ки волидайн набояд бо гулдаставу тӯҳфаҳо дар занги камолот ба мактаб оянд, бархе аз модарон ва наздикони хатмкунандаҳо бо гулдастаҳо ҳозир шуданд ва аммо дар пушти панҷараи мактабҳо монданд. Яке аз модарони гул ба даст гуфт, барои ин маросим ба духтараштанҳо як пойафзол харидааст ва ҳоло интизори он аст, ки кай ӯ аз синф мебарояду бо гудаста вайро ба хонаашон мебарад. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, "ба занги охир бо либосҳои ҳаррӯзааш омад, мӯяшро ҳам худамон бофтем. Ба мактаб бо гулдаста омаданро иҷозат надоданд ва мо ҳоло интизор ҳастем, ки баъд аз дарс гулро тақдим кунем."
Манъи ҳама гуна маъракаороӣ дар занги камолот дар Тоҷикистон дар ҳоле ба миён омад, ки соле қабл дар ин рӯз бо айби мактаббачагон чанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Имсол дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон 11 ҳазору 620 нафар синфи 11 ва 167 ҳазору 603 хонанда сифни 9-ро хатм кардаанд. Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз ин миён беш аз 70 ҳазор нафар алакай дар Маркази милии тестӣ сабти ном шудаанд.