Танҳо ду нафар гумонбарон маҳкум шуданд

Малола Юсуфзай

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки аз 10 нафаре, ки бино ба гузоришҳо барои тир задан ба сари Малола Юсуфзай муттаҳам дониста мешуданд, 8 нафарашонро аз зиндон раҳо кардаанд.

Моҳи апрел додгоҳи зидди терроризми вилояти Хайбар Паштунхвоҳ эълон карда буд, ки 10 нафар аз тандравҳои Толибонро барои даст доштан дар ин кор ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Ин ҳодиса соли 2012 дар водии Свот рух дода буд. Вале баъдтар маълум шуд, ки танҳо ду нафари онҳо маҳкум шудаанд.

Мунир Аҳмад-сухангӯи сафорати Покистон дар Лондон 5 июн гуфт, ки 8 нафари дигар бегуноҳ эълон шудаанд, зеро онҳо дар ин ҳодиса даст надоштаанд. Салимхон Муруват-раиси пулиси маҳаллӣ низ таъйид кард, ки танҳо ду нафар маҳкум шудаанд.

Малола бо талоши пизишкон аз ин суиқасд ҷони солим бадар бурд ва дар 17 солагӣ ба дарёфти Ҷоизаи Сулҳи Нобели соли 2014 ноил шуд.