Ҳалокати як қочоқбари афғон дар марзи Тоҷикистон

Марзбонони тоҷик дар ду ҷанги рӯ ба ру бо қочоқбарони афғон ҳудуди 70 кило маводи мухаддирро мусодира намуда, як қочоқбари мусаллаҳро куштанд

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати неруҳои марзбонии Тоҷикистон 5 июн ба радиои Озодӣ гуфт шаби панҷшанбе дар наздикии дидбонгоҳи ноҳияи марзии Ҳамадонӣ гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбари афғон бо 42 кило маводи мухадир қасди убури марзи Тоҷикистонро мекарданд, аммо дучори марзбонони тоҷик шуда, маводи мухаддиро гузошта, ақибнишинӣ карданд.

Онҳо бо истифода аз торикии соати 1 шаб мехостанд ба ин тарафи марз убур кунанд, вале пас аз муқобилат бо сарҳадбонҳои тоҷик фирор намуданд. Муҳаммад Улуғхоҷаев меафзояд, дар ҳамин шабҳангом як гурӯҳи дигари қочобарони мусаллаҳ мехост, бо 25 кило афюн аз минтақаи дидбонгоҳи Панҷи поён марзро убур кунанд, вале дар тирпаронӣ яке аз қочоқбаронии 45-солаи афғон кушта шуд.

Субҳи имрӯз дар вақти тафтиши ҷои ҳодиса ҷасади қочоқбар ва як автомати Калашников бо тирдонро пайдо карданд.

Марзбонони тоҷик дар як шаб ҳудуди 70 кило маводи мухаддирро аз қочоқбарони афғонмусодира кардаанд.