Кордкашии хонанда ба хоҳар ва язнааш

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти хонандаи яке аз мактбаҳои шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки барои маҷрӯҳ кардани хоҳар ва язнааш муттаҳам мешавад. Ин хонандаи мактаб шаби 3 июн бо хоҳари 26-сола ва шавҳари ӯ вориди муноқиша шуда, ба тани онҳо корд задааст. Дар хабари расмии Вазорати корҳои дохилӣ гуфта мешавад, “ӯ бо корди дар дасташ буда 1 бор ба пойи апааш ва 2 бор ба бадани шавҳари апааш задааст, ки дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.” Ҳоло дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.