Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як барқия ба унвони раиси ҷумҳури Чин Си Тсзинпин, ҳалокати одамон дар садамаи киштии мусофирбар дар дарёи Янтсзии вилояти Хубэйии он кишварро тасаллият гуфтааст.
Дар ин паёми Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои чиниаш аз ҷумла омадааст, ки, «Муҳтарам ҷаноби Раис, Дар Тоҷикистон хабари садамаи киштии мусофиркашро дар дарёи Янтсзии вилояти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бар асари он одамон ҳалок гардидаанд, бо андӯҳи гарон қабул карданд. Дар ин лаҳзаи пурандӯҳ аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорам ба наздикон ва хешовандони қурбоншудагон тасаллияти амиқ ва ҳиссиёти ҳамдардӣ, инчунин ба тамоми зарардидагон орзуи сиҳатмандии комили моро расонед».
Беш аз 400 тан аз мусофирони киштии “Ситораи Шарқ”, ки шоми душанбе дар рудхонаи Янтзии Чин ғарқ шуд, то ҳол бе ному нишонанд. Ба иттилои расмӣ, 14 нафар аз мусофирон наҷот дода шуданд, ҳамчунин 13 ҷасад ошкор гардид. Дар киштии “Ситораи Шарқ” 457 нафар ҳузур доштанд. Киштӣ аз шаҳри Нанкин сӯи Чунтсин ҳаракат мекард ва вориди минтақаи сиклон шуд - ҳаракати шамол дар рӯдхона ба 130 километр дар як соат мерасид. Ба гуфтаи капитани киштӣ, ки наҷот ёфтааст, «Ситораи Шарқ» тайи ду дақиқа ба зери об рафт. Расонаҳои чиноӣ менависанд, ки фоҷиаи «Ситораи Шарқ» - мудҳиштарин дар ҳафтод соли ахир аст.