Мақомоти Аврупо аз Маскав интиқод мекунанд, ки барои манъи сафар ба Русия феҳристи номҳои сиёсатмадорони Иттиҳодияи Аврупоро таҳия кардааст.
Сухангӯи Федерика Могеринӣ-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, “ба ин феҳрист номи 89 нафар ворид шудааст ва онро мақомоти Русия фиристодаанд”.
Мартин Шултс-раиси порламони Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, “мо бар ин ақидаем, ки ин кор комилан худсарӣ ва беасос мебошад ва дар оянда боварии ҷонибҳоро ба якдигар аз миён мебарад”.
Берлин аз Маскав хостааст, ки дар бораи ин феҳрист тавзеҳот диҳад ва илова кардааст, ки одамони ин феҳрист мехоҳанд донанд, ки барои чӣ онҳо ба ин феҳристи сисёҳ дохил шудаанд, то битавонанд тадбирҳои қонунӣ ҷӯянд.
Як мақоми вазорати корҳои хориҷаи Русия, ки нахостааст аз худ ном барад гуфтааст, ки ин феҳрист 28 май таҳия шудааст ва он ҷавоб ба таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо барои пайвастани Қрим ба Русия ва дахолати Русия дар муноқишаҳои шарқи Украина мебошад