Оҷонсӣ: Кори вазорати нақлиёт "ислоҳталаб" аст

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон фаъолияти вазорати нақлиёти ин кишварро аз лиҳози фасод “ ислоҳталаб” унвон кардааст.

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар як нишаст бо раҳбарони вазорати нақлиёт фаъолияти ин вазоратро дар мавриди иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия “ислоҳталаб” ба қалам додааст. Сарнозири сарраёсати пешгирии фасоди Оҷонсии мубориза бо фасод Шодком Турсунов дар ин мулоқот гуфтааст, танҳо дар соли 2014 ҳангоми тафтиши 27 ниҳоди тобеъи вазорати нақлиёт зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Бино ба гузориши рӯзи 29 май нашршуда дар сомонаи Оҷонсии зиддифасод, тайи соли гузашта 4 корманди вазорати нақлиёт “барои даст задан ба фасод” муҷозоти интизомӣ гирифтаанд. Ин манбаъ меафзояд, “ҳамон тавре, ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад, иҷрои стратегияи муқовимат ба коррупсия низ барои ҳама сохторҳои давлатӣ ҳатмист.”

Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020 пешбинӣ шуда, тибқи он, ҳар як вазорату идораи давлатӣ муваззаф шудааст, то барои идораҳои тобеи худ барномаҳои махсуси зиддикоррупсионӣ таҳияву амалӣ намояд.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар қатори кишварҳои фасодзатарини дунё ном бурда мешавад. дар ин кишвар аз соли 2007 Оҷонсии зиддифасод амал мекунад, вале мунтақидон мегӯянд, ин Оҷонсӣ дар муборизааш бо таъқиби мансабдорони зинаҳои поёнӣ маҳдуд шуда, ба мансабдорони раддаи аввал намерасад.