Рӯзи 1 июн якбора дар ду шаҳри вилояти Кемеровои Русия – дар марказаш, шаҳри Кемерово ва дар Новокузнетск – ду урдугоҳи забономӯзӣ бо номи «Белый журавль” барои фарзандони муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Арманистону Қирғизистон ва кишварҳои дигар ба кор шурӯъ мекунад. Бино ба гузориши сомонаи расмии ҳукумати ин вилоят, ҳадаф аз таъсиси ин урдугоҳҳоташкили таълими забони русӣ барои фарзандони муҳоҷирон аст. Кӯдааконро ҳамчунин ба тамошои маконҳои дидании ин минтақа ва ба театур китобхонаҳо хоҳанд бурд. Созмондиҳандагон мегӯянд, чунин шакли ташкили истироҳат дар дили фарзандони муҳоҷирон таваҷҷӯҳро ба забону фарҳанги мардуми маҳаллӣ бештар карда, ба ҳамоиши зудтари онҳо ба муҳити русзабон мусоидат мекунад.
Рӯзи 27 май дар Кемерово ҳамчунин дар чорчӯби нишасте бо номи “Мутобиқ гардондани китобҳои дарсӣ барои фарзандони муҳоҷирон” расми муаррифии китобҳои омӯзиши забони русӣ барои муҳоҷирон доир шудааст.
Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҷамъи муҳоҷирони хориҷӣ дар ин кишвар то 13 миллион нафар гуфта мешавад.