Рӯзи 28 май, дар ҷараёни таҷлили Рӯзи марзбонҳо, дар шаҳри Твери Русия маросими гузоштани хишти аввали ҳайкали ояндаи Владимир Елизаров баргузор мешавад. Ин ҳайкал аз ҳисоби ҷомиа сохта хоҳад шуд.Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, маъракаи ҷамъоварии маблағ барои бунёди ҳайкали нахустин Қаҳрамони Русия аз вилояти Твер моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз ёфта буд.
Сержант Владимир Елизаров 13 июли соли 1993 дар ҷараёни ҳамлаи мусаллаҳона ба заставаи сарҳадии Москва дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кушта шуд ва баъди маргаш сазовори унвони Қаҳрамони Русия гардид. Дар он ҳамла, ки яке аз пурқурбонитарин даргириҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд, 25 марзбони рус кушта шуданд.