Русия барои кӯмак ба Оҷонси зидди маводи мухаддири Тоҷикистон дар се соли оянда дар ҳаҷми 5,5 миллион доллар кӯмак мекунад, то ин ниҳод бо таҷҳизоти муосир ва мутахассисони варзида таъмин бошад. Ин мадад дар чаҳорчӯби ҳамкории ниҳодҳои ду тараф дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир расонда хоҳад шуд. Дар ин бора раиси Хадамоти федероли зидди маводи мухаддири Русия Виктор Иванов, ки дар ҷаласаи сарони ниҳодҳои ҳамсони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе ширкат дорад, хабар дод.