СПАД дар Душанбе ҷаласа баргузор мекунад

Ҷаласаи СПАД, акс аз бойгонӣ

Рӯзҳои 26-27 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сайори раисони Кумитаҳои дифоъ ва амнияти порламонҳои кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии ин созмон хабар додааст.

Владимир Зайниддинов, сухангӯи ин паймон гуфтааст, ки дар ин ҷаласа дар ҳузури намояндагони кишварҳои узв Николай Бордюжа-Дабири кулли ин паймон дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳои низомӣ дар ин созмон ва ҳамчунин роҷеъ ба дурнамои вазъ дар Афғонистон суханронӣ мекунад.

Дар ин ҷаласа, ки намояндагони вазоратхонаҳои қудратии Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд дошт, вазъи сиёсиву низомӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳад шуд.