Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, аз қабули қонуни нав дар Русия дар бораи манъи фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматии “номатлуб” нигарон шудааст. Қонуне, ки рӯзи 23-уми май Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия имзо кард, ба додситонҳо ҳақ медиҳад, фаъолияти созмонҳои хориҷиеро дар қаламрави кишвар манъ кунанд, ки “барои қудрати дифоӣ, амният, тартибот ва ё сиҳатии омма хатар эҷод мекунанд.” Марӣ Ҳарф, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз он нигарон аст, ки қонуни нав фаъолияти ҷомеаи маданӣ дар Русияро боз ҳам маҳдудтар мекунад. Ба гуфтаи ӯ ин санад, як намунаи дигари “афзоиши саркӯби садоҳои мустақил ва қадами барқасдона барои дар инзиво нигаҳ доштани мардум Русия аз ҷаҳон аст.” Қонуни мазкурро порлумони Русия аввали ҳамин ҳафта қабул кард ва бар асоси он афроде, ки барои созмонҳои ғайриҳукуматии “номатлуб” кор мекунанд, ҷаримаи бузург ва ё то 6 сол маҳкум ба зиндон мешаванд.