Жерар Депардйе: "Ман Путинро дӯст медорам"

Жерар Депардйе дар ҷашнвораи Канн дар Фаронса

Жерар Депардйе, ҳунапешаи маъруфи фаронсавӣ, ки шаҳрвандии Русияро дорад, дар ҷашнвораи Канн дар Фаронса дигарбора гуфт, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро “бисёр дӯст медорад.” Ӯ дар ин бора баъди муаррифии филмаш бо номи “Водии ишқ” рӯзи 22-уми май сухан гуфт. Жерар Депардйе дар посух ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи назараш роҷеъ ба муноқиша дар Украина гуфт, “Ман мисли ҳама фикр мекунам, ки муноқиша чизи бисёр бад аст. Ман ҷаноби Путинро бисёр хуб мешиносам ва бисёр ӯро дӯст медорам. Ман ҳоло ҳам ба СССР, манзурам Русия бисёр сафар мекунам” гуфт Жерар Депардйе ва сабаби мавҷи ханда дар нишасти хабарӣ шуд. Ҳунарпешаи шинохтаи фаронсавӣ ҳамчунин гуфт, ки “Ман мардуми Украинаро дӯст медорам, вале муноқиша арсаи ман нест.” Баъди боло бурдани молиёт аз мардуми сарватманд дар Фаронса, Жерар Депардйе, шаҳрвандии Русияро гирифт, ва шиносномаи русиро худи Владимир Путин ба ӯ дод.