Иттиҳодияи Аврупо ва Украина дар бораи як қарзи 2 миллиард долларӣ мувофиқатномае ба имзо расонданд. Ин маблағ барои барқарории иқтисоди харобшудаи Украина сарф мешавад.
Ин мувофиқатнома 22 май дар шаҳри Рига-пойтахти Латвия дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва 6 кишвари Шӯравии пешин имзо шуд. Ин 6 кишвар дар чаҳорчӯбаи барномаи “Ҳамкории шарқӣ”-и Иттиҳодияи Аврупо дар ин мулоқот ширкат карданд.
6 кишвари узви барномаи “Ҳамкории шарқӣ” Украинаву Гурҷистон, Молдоваву Озарбойҷон ва Арманистону Беларус мебошанд.
Бар асоси ин мувофиқатнома, Украина акнун бояд як силсила ислоҳот анҷом диҳад, ки тадобири зидди ришвахорӣ, “дармон”-и мушкилоти сохторҳои иқтисодӣ аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад.
Дар мулоқоти Рига Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин барои ҳимоят аз тиҷорати хурду миёна ба Украинаву Гурҷистон ва Молдова 223 миллион доллар баробар бо 200 миллион евро кӯмак ваъда дод.