Меркел: Бозгашти Русия ба G7 тасаввурнопазир аст

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, гуфт, то замоне, ки Русия ба арзишҳои демократӣ ва қавонини байнулмилалӣ арҷ намегузорад, бозгашташ ба G7 – гурӯҳи ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии олам “ғайри қобили тасаввур” аст.

Изҳороти хонум Меркел рӯзи 21 май зимни суханронияш дар Бундестаг - парлумони кишвар, ва қабл аз сафараш ба Рига, ба нишасти “Ҳамкориҳои шарқӣ”-и Иттиҳодияи Аврупо, садо дод.

Садри аъзами Олмон гуфт, ки "мо G7-ро чун ҷомеъаи арзишҳомехонем ва ин ба маънои ҳамкорӣ ба хотири озодӣ, демократия ва волояти қонун аст. Ин ба маънои эҳтиром ба қавонини байнулмилалӣ ва якпорчагии кишварҳост”.

Аз нигоҳи хонум Меркел, аъмоли Русия дар Украина дур аз ин арзишҳост. Маскав иттиҳоми даст доштанаш дар ҳаводиси шарқи Украинаро рад мекунад.

Нишасти дурӯзаи «Ҳамкории шарқӣ» дар шаҳри Рига рӯзи 21 май ифтитоҳ мешавад. Дар он намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ва ҳайатҳои шаш кишвари шӯравии собиқ – Украина, Гурҷистон, Молдова, Арманистон, Озарбойҷон ва Белорус ширкат хоҳанд кард.

Аз ин пеш намояндаи вазорати умури хориҷии Русия Александр Лукашевич изҳор намуд, ки вокуниши Маскав ба ин нишаст шадид ва принсипиалӣ хоҳад буд, зеро он «аҳдофи рӯшани зиддирусиягӣ дорад». Аммо нахуствазири Латвия Лаймдота Страуюма таъкид намуд, ки ширкаткунандагони нишаст нияти алайҳи Русия ё кишвари дигаре бархостанро надоранд.