Ҷашни Лоиқ Шералӣ дар Нуратои Узбакистон

20 май дар яке аз калонтарин деҳаҳои хушманзари Нуратои вилояти Навои - Синтаб бахшида ба зодрӯзи Шоири мардумии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ ва ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” – Лоиқ Шералӣ барномаи густардаи шеъру суруд баргузор гардид.

Дар ин гирдиҳамоӣ омӯзгорону хонандагони мактаби 38-ум. хурду бузурги деҳа. меҳмонон аз шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Сирдарё ва деҳаҳои атроф ширкат карданд. Адибони шинохта Паймон, Абдулло Субҳон, Бекназари Дарӣ, Салим Кенҷа, Пайғом, Асадуллоҳи Исмоил, Ҷонмирзо ва Юнуси Имомназар дар ин маҳфил таассурот ва хотироти хешро дар бораи устод Лоиқ иброз намуда, шеърхонӣ карданд ва ба пурсишҳои хонандагон посух доданд.

Дар ин ҷашн ҳам аз ашъори устод Лоиқ ва ҳам аз эҷодиёти шоирони ҳозиршуда шеъру суруд хондани хонандагони мактаб ва билхоса, бо овози ширадори худ таронахонии Дилмуроди Қӯзӣ, ки беҳтарин овозхони кӯҳистони Нурато аст, ба дилҳо сурур ва шодии беинтиҳо эъто намуд.

Зиндагиномаи Лоиқ Шералӣ бори дигар ёдоварӣ шуд ва таъкид гардид, ки ӯ ба унвони як шоири барҷаста ва арбоби фарҳангӣ дар ёду зеҳни миллати тоҷик боқӣ хоҳад монд.