Парлумони Украина рӯзи 21 май панҷ қарордоди низомӣ миёни Русия ва кишварро лағв кард. Ба иттилои расмӣ, ин санадҳо, аз ҷумла, дар робита ба ҳамкориҳо дар бахши иттилооти низомӣ, ҳифзи муштараки ахбори сиррӣ ва убури низомиёни руси мустақар дар Молдавия аз қаламрави Украинаанд, ки бист сол пеш имзо шуда буданд.
Дар шарҳи қонун оид ба лағви ин созишҳо гуфта шудааст, ки тасмим дар ин бора бо назардошти “ширкати ҷузву томҳои Федератсияи Русия дар амалиёти низомӣ дар шарқи Украина” ва ба хотири таъмини амнияти миллӣ гирифта шудааст.
Аз ин пеш Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина гуфт, ки кишвараш дар ҳоли ҷанги воқеъӣ бо Русия қарор дорад ва мардум бояд ба ҳамла аз сӯи ҳамсояҳои шимолӣ омода бошанд. Дар сӯҳбат бо Би-би-си шоми 19 май сарвари Украина таъкид кард, ки ба ҳамтои русаш Владимир Путин эътимод надорад ва аммо ба ҷуз музокирот бо ӯ интихоби дигар надорад.
Ба гуфтаи Порошенко, ҷудоихоҳони рустабор ба амалиёти тобистона дар Донбасс омодагӣ мегиранд, вале нерӯҳои украинӣ ба онҳо баҳонае барои дасиса нахоҳанд дод, аз ин рӯ, ҳама масъулият бар дӯши нерӯҳое хоҳад буд, ки аз сӯи Маскав пуштибонӣ мешаванд.
Русия ҳама иттиҳоми Киев ва Ғарб дар бораи тамрини ҷудоихоҳон ва таъмини онҳо бо силоҳро рад мекунад. Бар асари даргириҳо дар шарқи Украина дар як соли ахир беш аз 6100 нафар ба ҳалокат расидаанд.