Додгоҳ ҳукми узви "Гурӯҳи 24"-ро бетағйир гузошт

Гулчеҳра Маҳмудова, модари Умедҷон Салиҳов.

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ҳабдаҳуним соли зиндони Умедҷон Солиҳов - нафари муттаҳам ба узвият дар “Гурӯҳи 24”-ро бетағйир гузошт. Мирзодавлат Салиҳов, падари Умедҷон Салиҳов, сокини ноҳияи Ваҳдат рӯзи 21 май ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии онҳо аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро 19 май баррасӣ кард, вале муҳлати ҷазоро бетағйир монд. Вай гуфт, “мо бисёр интизор доштем, ки Додгоҳи пойтахт мунсифона рафтор мекунад, вале ин тавр нашуд.”

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар авоили моҳи март Умед Салиҳовро ба иттиҳоми даъват ба сарнагун намудани сохти конститутсионӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, таҳқири раиси ҷумҳур ва ҷалби шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ҷиноӣ муҷрим шинохта 17 солу 6 моҳ равонаи зиндан кард. Аммо таври худи Умед Салиҳов дар сухани ахираш дар додгоҳ арз кард ва ҳам волидонаш мегӯянд, вай ҳеҷ гоҳ бо Гуруҳи-24 ҳамкорӣ надоштааст ва дар Русия бо соҳибкорӣ машғул будааст. Ҳоло волидони Умед Салиҳов мегӯянд, дар мавриди парвандаи фарзандашон Умедҷон Салиҳов ба Додгоҳи олӣ муроҷиат хоҳанд кард.